Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Доналд Трамп аз Девид Камерон


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп-яке аз номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико ва миллиардер гуфт, тавзеҳоти интиқодии Девид Камерон-нахуствазири Британия дар ҳақи вай метавонад ба муносибатҳо таъсири манфӣ расонад, агар вай дар интихоботи расёати ҷумҳурӣ баранда шавад.

Соли гузашта Девид Камерон дар порламони кишвараш гуфт, ки “Трамп нифоқандоз, аблаҳ ва ғалат аст”, зеро даъват кард, ки мусуслмонон ба таври муваққатӣ ба қаламрави Амрико роҳ дода нашаванд.

Камерон ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин ҳарфҳои худро пас намегирад, вале изҳор дошт, ки Трамп барои дар садри номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ қарор гирифтанаш сазовори эҳтиром аст.

Трамп дар мусоҳибаи телевизиониаш аз шабакаи ITV 16 май гуфт, “чунин ба назар мерасад, ки мо муносибати хуб нахоҳем дошт, кӣ медонад, ман умедворам, ки муносибати хуб дошта бошем, вале ба назар мерасад, ки вай намехоҳад дар бораи ин мушкил ( исломи тундрав) сӯҳбат кунад”.

Трамп ҳамчунин гуфт, барои он ки Иттиҳодияи Аврупо хеле созмони “бюрократӣ” аст, вай шубҳа дорад, ки Британия аз узвият дар он чӣ мегирифта бошад.

XS
SM
MD
LG