Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қрим иқдоми "Куҳбароӣ ба Чатирдаг" - бахшида ба бадарғаи тоторҳои Қрим аз ин нимҷазира дар соли 1944, баргузор шуд. Дар ин маросим бештар аз 3 ҳазор сокин ширкат кард.

Дар ин бора сомонаи Идораи маънавии мусалмонҳои Қрим ва шаҳри Севастопол хабар медиҳад. Муовини муфтии нимҷазира Айдар Исмоилов зимни баромад дар назди ҷамъомадагон тоторҳои Қримро даъват кард, ки "сарфи назар аз ҳама чиз, руҳафтода нашаванд ва муттаҳид бошанд".

Бо фармони Сталин аз 18 то 20 майи соли 1944 аз Қрим наздики 200 ҳазор тотор бадарға шуда буд. Онҳоро ба Осиёи Марказӣ, Сибир ва Урал бадарға карданд.

Иқдоми мазкур дар қолаби эътироз ҳамчунин дар Нижний Новгороди Русия ҳам баргузор шуд. Ҳаракати ҷамъиятии "Ҳамраъйӣ" ин иқдомро баргузор кард. Дар эътироз то 10 нафар ширкат ва даъват карданд, ки ба такрори репресияи сталинӣ роҳ дода нашавад.

XS
SM
MD
LG