Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд мегӯяд, ки боришоти шадиду омадани сел бар замми 3 талафоти ҷонӣ ба ноҳияи Панҷакент беш аз 34 миллион сомонӣ зарари молӣ расондааст. Суҳроб Маҳмудов, масъули идора, рӯзи 16 май ба Озодӣ гуфт, ин ҳисоби аввалия буда, аз рӯзи 9 май то ин дамро дар бар мегирад.

Ӯ гуфт, бино ба ҳисоби онҳо сел аз ҷумла 14 хонаи сокинони деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакентро пурра ва 6 хонаи дигарро қисман вайрон кардааст. Ба қавли Суҳроб Маҳмудов, “дар ҳоли ҳозир гурӯҳи кории ситоди ҳолатҳои фавқулода дар маҳалҳои офатзадаи Панҷакент қарор дорад ва барои бартараф намудани зарарҳои боришоту сел кор мебарад”.

Идораи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ба зарардигон ёриҳои аввалияи иборат аз ғизо ва маводи зарурии рӯзгор, мисли кӯрпаву болишт, кампал ва зарфҳо расонда шудааст.

XS
SM
MD
LG