Пайвандҳои дастрасӣ

Тайи ду рӯзи охир бар асари раъду барқ дар Бангладеш беш аз 50 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аксари қурбониён деҳқонон аз манотиқи рустоии ин кишвар буда, онҳоро ҳангоми кор дар саҳро раъду барқ асобат кардааст. Аз моҳи март ба ин сӯ дар Бангладеш ҳудуди 90 нафар қурбони раъду барқ шуда, соли гузашта дар ин кишвар танҳо ба иллати ин навъи офати табиӣ 51 нафар ба зиндагӣ падруд гуфтаанд. Муҳаммадриёз Аҳмад, раҳбари бахши идораи офатҳои табиии Бангладеш ба Садои Амрико гуфт, шумори афзояндаи қурбониёни раъду барқ дар соли ҷорӣ мояи нигаронии мақомот шудааст.

XS
SM
MD
LG