Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири рус: Мо аз ин шарм мекунем


Виталий Мутко

Виталий Мутко

Вазири варзиши Русия Виталий Мутко барои моҷарои допинги кишвараш узр хост ва расман дархост дод, ки ба варзишкорони рус иҷозати ширкат дар Бозиҳои олимпии моҳи август дар Рио-де-Жанейроро бидиҳанд. Мутко дар як матлаб, ки рӯзи 15 май нашрияи “Sunday Times”-и Бритониё чоп кард, гуфт, “мо хеле узр мехоҳем, ки варзишкоронеро, ки мехостанд моро ва дунёро гӯл бизананд, зудтар ошкор накарданд.” Ӯ моҷарои допингро “иштибоҳи ҷиддӣ” номид ва афзуд, “мо аз ин шарм мекунем.” Ширкати варзишкорони Русия дар мусобиқоти варзиши сабук дар пайи ошкор шудани мавридҳои истифодаи допинг аз сӯи Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) манъ шудааст. Президенти WADA Крейг Риди дар ҳамин ҳол, имкони ширкати варзишкорони мамнӯъшудаи Русия дар Олимпиадаи имсоларо хеле ночиз хондааст.

XS
SM
MD
LG