Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар чорабиниҳои марбут ба Рӯзи дави миллӣ, ки рӯзи якшанбе дар саросари кишвар баргузор шуд, беш аз 400 ҳазор нафар ширкат кардааст.

Рӯзи дави миллӣ бо иштироки афроди синну соли мухталиф дар саросари кишвар доир гардид ва ба гуфтаи масъулон, дар он тақрибан ҳудуди 400 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат карданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Сокинони пойтахт дар ин мусобиқа ҳудуди беш аз 10 километрро тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб то майдони "Наврӯзгоҳ" миёни ҳам рақобат карданд. Дар дави миллӣ намояндагони аксари корхонаву ташкилотҳо ширкат намуданд ва ба гуфтаи масъулин, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъолтар буданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш, ихтисос дода шудааст.

Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG