Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунини маргталабона дар Яман


Шаҳри Мукалло

Шаҳри Мукалло

Бар асари як ҳамлаи маргталабона дао шаҳри Мукаллои Яман, ки масъулияташро созмони ифротии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, дастикам 25 нафар кушта шуданд. Бисёре аз қурбониён зоҳиран даъватшудаҳое буданд, ки дар қароргоҳи пулис навбат мепоиданд. “Давлати исломӣ” бо нашри як паём дар хабаргузории интернетиаш “Амоқ” гуфт, ҳамлагар “шаҳодатталаб”-е буд, ки камарбанди ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир кард. Шаҳри Мукалло муддати тӯлоние пойгоҳи шабакаи Ал-Қоида буд, вале ин гурӯҳи ҷангҷӯро моҳи гузашта нирӯҳои давлатӣ таҳти ҳимояти Имороти Муттаҳидаи Араб аз шаҳр ронданд. Рақибони онҳо аз шӯъбаи ямании “Давлати исломӣ” алайҳи ҳама ҷонибҳои дигари ҷанги шаҳрвандии Яман як силсила ҳамлаҳои маргталабона анҷом додаанд. Ҳафтаи гузашта низомиҳои Амрико эълон карданд, ки як шумори хурди нирӯҳояшонро барои мубориза бо Ал-Қоида дар Яман мустақар кардаанд.

XS
SM
MD
LG