Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 1 миллиард $ ваъдаи ёрии Амрико ба Украина


Байден ва Порошенко. Акс аз моҳи декабри соли 2015
Байден ва Порошенко. Акс аз моҳи декабри соли 2015

Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, ки Амрико рӯи бастаи сеюми замонатҳои қарзӣ ба хотири ҳимоят аз ислоҳот алайҳи фасод дар ин кишвари пасошӯравӣ пеш меравад. Амрико дар моҳи ноябр дар чорчӯби бастаи сеюми кумакҳояш ба Украина 1 миллиард доллар ваъда кард, вале ироаи ин ёриҳоро ба пешрафти ислоҳоти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод дар Украина бастагӣ дода буд. Кохи Сафед рӯзи 13 май гуфт, Байден дар тамоси телефониаш бо Порошенко бо ишора ба таъини додситони кулли ҷадид аз “қадами муҳими аввал дар амри роҳандозии ислоҳоти хеле лозим” дар Украина истиқбол кардааст. Парлумони Украина рӯзи 12 май Юрий Лутсенко, яке аз ёрони наздики Порошенкоро ба мақоми додситони кулл пазируфтанд. Байден бо сарвазири нави Украина Володимир Гройсман, ки ба манзури иҷрои талаботи Сандуқи байналмилалии пул ваъдаи ислоҳоти фарогир кардааст, низ сӯҳбат доштааст. Сандуқи пул ахиран паём дод, ки метавонад ба зудӣ барномаи 17,5-миллиарддолларии кумак ба Украинаро рӯи даст бигирад. Ин барнома ба далели бӯҳрони сиёсӣ дар Украина мутаваққиф шуда буд.

XS
SM
MD
LG