Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи Ҳизбуллоҳ дар Сурия кушта шуд


Мустафо Бадриддин
Мустафо Бадриддин

Ҳизбуллоҳ аз кушта шудани як фармондеҳи аршади ин гурӯҳи ҷангии шиъаҳои Лубнон дар Сурия хабар дод. Ҳизбуллоҳ рӯзи 14 май дар баёнияаш гуфт, Мустафо Бадриддин рӯзи 13 май дар наздикии фурудгоҳи Димишқ, пойтахти Сурия кушта шудааст. Таҳқиқоти Ҳизбуллоҳ нишон додааст, ки Мустафо Бадриддин дар натиҷаи тӯпборони “гурӯҳҳои такфирӣ” ҷон бохтааст. Ҳизбуллоҳ маъмулан гурӯҳҳои тундрави суннӣ, ба мисли “Давлати исломӣ” ва Ал-Қоидаро “такфирӣ” ном мебарад. Телевизиони Ал-Майодин, марказаш дар Бейрут, ки ба Ҳизбуллоҳ наздик аст, гуфт, Мустафо Бадриддин бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шудааст. Баъди ҳанӯз дар соли 2008 бар асари як бомбгузорӣ дар Димишқ кушта шудани Имод Муғния, раҳбари қаноти низомии Ҳизбуллоҳ, ҳалокати Бадриддин бузургтарин талафот барои ин гурӯҳи ҷангист.

XS
SM
MD
LG