Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек се узви созмони ҷамъиятии "Порламони мардумӣ" ё “Народный парламент” боздошт шуданд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, Бекболот Талғарбеков дар манзилаш боздошт шуда ва сипас, Торобой Колубоев ва корманди пешини сохтори давлатӣ Марат Султонов низ дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон ба сар мебаранд. Онҳо ҳама дар замони раҳбарии Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешин мақомҳои баланди расмӣ доштанд. Акнун онҳоро барои талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам медонанд ва бар зидди онҳо “барои талоши тасарруфи ҳокимият аз роҳи зӯрӣ” ва "Омодагӣ барои истифода аз зӯр нисбати намояндагони ҳукумат" парванда боз шудааст.

Тибқи маълумоти тафтишоти қабл аз бозрасӣ, аъзои созмони ҷамъиятии "Порламони мардумӣ" қасд доштанд ба манзури ноором сохтани вазъияти сиёсию ҷамъиятии кишвар маъракаҳоеро роҳандозӣ карда ва ба амалҳои ғайриқонунӣ барои ғасби ҳокимият даст зананд.

Ғайр аз ин, мушаххас шудааст, ки барои амалӣ шудани мақсадҳои ҷиноии худ онҳо мақсад доштандбо истифода аз силоҳ нисбати мақомоти давлатӣ амали зӯроварӣ анҷом диҳанд.

12 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти сӯҳбатҳое ба забони русӣ ва ба забони қирғизӣ гузошта шуд. Дар он гуфта мешавад, ки аъзои ин ҷунбиш мехоҳанд аз роҳи зӯрӣ бар сари қудрат оянд. Ҳоло мақомоти амниятии Қирғизистон машғули омӯзиши ин сабтҳо ҳастанд ва бояд дақиқ шавад, ки то чӣ андоза ин сабти сӯҳбатҳо воқеият дорад.

Эмил Қаниметов-сиёсатшиноси қирғиз дар Бишкек дар бораи боздошти ин се нафар ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар изҳороте ин одамон истеъфои Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳурро талаб карданд ва гуфтанд, ки бо генералҳои ФСБ-и Русия иртибот доранд. Ҳоло онҳоро боздошт кардаанд ва дар хонаҳои онҳо амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд. Ин одамон ба таври мустақим ба Аскар Ақаев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, ки ҳоло дар Маскав ба сар мебарад, иртибот доранд. Дар даврони Ақаев Талғарбеков дар мақоми муовини нахуствазир масъулияти ислоҳот дар бахши кишоварзиро бар ӯҳда дошт. Вай дар як нишасти хабарии худ иддао кард, ки гӯё бо мушовирони президент Путин иртибот дорад ва дар паси вай генералҳои пешини ФСБ қарор доранд, генералҳое, ки дар Қирғизистон таваллуд шудаанд".

Эмил Қаниметов мегӯяд, бо чунин изҳорот Бекболот Тағарбеков на танҳо генералҳои Русияро зери зарба бурдааст, балки ба ҳукумати ин кишвар шояд тӯҳмат мекунад: “Бо чунин изҳорот вай (Талғарбеков) на танҳо ба сӯи генералҳои рус ангушти ишора бардоштааст, балки ба ҳукумати Русия низ ишора мекунад, ки гӯё ҳамаи муқаррароти байналмиллалиро сарфи назар кардаанд ва ба сиёсати дохилӣ ва ҳаёти як кишвари мустақил дахолат мекунанд”.

Талғарбеков гуфтааст, ки дар ҷунбиши “Порламони мардумӣ” баъзе раҳбарони ҳукумати Аскар Ақаев, намояндагони порламони кунунӣ ё Жогорку Кенеш низ дохил мешаванд. Омурбек Суваналиев-вазири пешини корҳои дохила, Адахан Мадумаров-раиси пешини порламон низ гӯё аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Вале дар ин бора манобеи мустақили ҳукуматӣ чизе нагуфтаанд, дар ҳоле, ки баъзе аз афроде, ки Тағарбеков аз онҳо ном мебарад, ошкоро изҳор доштаанд, ки онҳо узви ин ҷунбиш нестанд.

Аз Қанибеков мепурсам, оё узвияти Адахан Мадумаров-раиси пешини порламон ва Омурбек Сувоналиев-вазири пешини корҳои дохила дар ин ҷунбиш воқеият дорад?

Қанибеков гуфт: “Мумкин аст ин гап дуруст бошад, вале ман бовар надорам, ки ҳар дуи онҳо бо изҳороти Талғарбеков дар бораи генералҳои Русия ва тақозоҳо дар бораи истеъфои Алмосбек Атамбоев розӣ бошанд. Ман фикр намекунам, ки Мадумаров ва Сувоналиев иҷрокунандаи майлу ирода ё сисёсатҳои Русия дар қирғизистон бошанд. Ин изҳороти популистонаи Талғарбеков аст. Вай мехоҳад бо ин изҳорот нишон диҳад, ки дар паси вай нируҳое қарор доранд ва бо ин роҳ мехоҳад бо ҳукумати кунунӣ ба қавле вориди “хариду фурӯш” шавад. Вале то ҳол аз ҷониби Русия касе ё ниҳоде вокуниш нишон надодааст. Аз ҷониби мақомоти расмии Қирғизистон низ изҳороте вуҷуд надорад”.

Эмил Қаниметов мегӯяд, нишонаи изҳороти популистона ё худхоҳонаи Талғарбеков ин аст, ки вай қабл аз боздошт изҳор дошта буд, ки баъд аз ду-се рӯз Алмосбек Атамбоев истеъфо медиҳад ва ҷунбиши “Порламони мардумӣ” бо Жогорку Кенеш машварат мекунанд, то ҳамоҳанг кунанд, ки дар Қирғизистон кӣ бояд раиси ҷумҳур шавад ва чӣ шахсиятҳо ба ҳайати кобинаи вазирон хоҳанд даромад.

Дар ҳамин ҳол президент Атамбеков аз ниҳодҳои амниятиву интизомӣ хостааст, ки ба даъватҳои “Порламон мардумӣ”, ки ҳадафашон талоши тасарруфи қудрат будааст, расидагӣ сурат бигирад ва афроди зидахл “ба таври ҷиддӣ дар назди қонун ҷавоб диҳанд”.

Қаблан созмондиҳандагони созмони ҷамъиятии "Порламони мардумӣ" эълом доштанд, ки қасд доранд 26 апрел дар майдони марказии "Ала-Тоо" бо ширкати 20 ҳазор нафар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кунанд. Вале ин тазоҳуротро аввал то 12 май ва сипас то 17 май ба таъхир андохтанд.

XS
SM
MD
LG