Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади духтари мактабхон, ки як моҳе қабл дар натиҷаи омадани сел нопадид шуда буд, пайдо шудааст.

Ин духтари ноболиғ Манижаи Талбон, хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 7, дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, ки ба вақти шом барои овардани чорвои хонавода аз дарвозаи ҳавлӣ берун шуда ва дар натиҷаи омадани селоба нопадид шуда буд. Бо гузашти як моҳ сокинони деҳаи ҷасадашро аз миёни сангу шағал берун овардаанд.

Марги Манижаи Талбон, аввалин талафоти ҷонӣ бар асари омадани сел дар вилояти Хатлон аст, вале чорвои зиёд талаф шуда ва ба манозили мардум наздики селраҳаҳо хисороти зиёд ворид шудааст.

Раҷабалӣ Мирзоев, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов рӯзи ҷумъаи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боришоти шадиди рӯзҳои 11 ба 12 май ба иқтисодиёти мардум ба миқдори даҳҳо ҳазор сомонӣ зарар расонда ва ҷасади хонандаи мактбаро низ ба берун андохтааст.

Шаби гузашта бар асари борандагии зиёд ҳудуди ду километр роҳи мошингарди масири Кӯлоб- Норакро қисман хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG