Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои исломӣ дар Боку


Рӯзҳои 12-13 май дар Боку бахшида ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ доир шуд

То оғози Бозиҳи IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку расо як сол мондааст. Ба ин муносибат рӯзҳои 12-13 май дар пойтахти Озарбойҷон - Боку - чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор шуд.

Рӯзи 12 май дар Боғи миллии наздибаҳрии Боку шоу-барномаи пуршукӯҳ доир гашт. Нахуст Озод Раҳимов, вазири ҷавонон ва варзиши Озарбойҷон, намояндагони кумитаҳои миллии олимпиро хайра мақдам гуфт. Ӯ иброз дошт, Бозиҳои чаҳоруми ҳамбастагии исломӣ, ки тавассути мусобиқоти варзишӣ ҷаҳони исломро муттаҳид месозанд, аз 12-ум то 22-юми майи соли 2017 дар Боку баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ҳудуди 5 ҳазор варзишгари кишварҳои исломӣ дар 16 иншооти муосири варзишии Боку сабқат мекунанд.

Сипас дар доираи ин чорабинӣ варзишгарон аз рӯи намуди миллии “зӯрхонаӣ”, ки ба барномаи Бозиҳи IV ҳамбастагии исломӣ дохил аст, ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин ҳамаи намудҳое, ки ба барномаи Бозиҳо шомиланд, тавассути техникаи муосири компутарӣ ба ҳозирин муаррифӣ шуданд.

Ба барномаи мусобиқоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чунин намудҳо дохиланд: варзиши сабук, ҷаҳидан ба об, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, баскетбол 3х3, футбол, гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, ушу, тенниси рӯи миз, ҳандбол, ҷудо, гуштии юнониву румӣ, гуштии озод, тирандозӣ, теннис, волейбол, бокс, зӯрхонаӣ, каратэ, таэквондо ВТФ ва вазнабардорӣ.

Бояд тазаккур дод, 17 сентябри соли 2015 президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ соли 2017 дар Боку фармоиш ба тасвиб расондааст. Бар асоси ин фармоиш узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ки ҳамсари раисиҷумҳур ва раиси Бунёди Ҳайдар Алиев мебошад, раҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таъин шудааст.

Тасмим дар бораи баргузории ин Бозиҳо дар Боку моҳи июли соли 2013 дар Ассамблеяи кулли Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар Ҷидда гирифта шудааст.

Рӯзи 13 май дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Hilton”-и Боку Рӯзи кушодаи кумитаҳои миллии олимпӣ бахшида ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ барпо гардид. Дар он ҳудуди 70 нафар намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ аз 35 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Ҷаласа таҳти раёсати мудири баргузории Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку Конул Нуруллоева сурат гирифт. Мудири фаннии Созмони варзишии кишварҳои исломӣ Ашраф Саид Абуллатиф дар бораи Бозиҳои IV ҳамбастагии олимпӣ иттилоъ дод ва аз намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ хоҳиш кард, ки дар ин Бозиҳо фаъолона ширкат варзида, беҳтарин варзишгарони кишварҳояшонро ба Боку сафарбар намоянд.

Дар чорабиниҳо бахшида ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро Нарзулло Латифов ва Маҳмуд Абдуллоев намояндагӣ карда, тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаро ба Ашраф Саид Абдуллатиф ва Конул Нуруллоева тақдим намуданд.

Меҳмонон – намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ, инчунин аз беҳтарин иншоотҳои варзишии Боку, ки соли гузашта дар онҳо нахустин Бозиҳои аврупоӣ баргузор шуданд, дидан карданд. Дар ин иншоотҳо соли оянда Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ барпо мегарданд.

XS
SM
MD
LG