Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини аввали сарвазири Қазоқистон Боқидҷон Сагинтаев гуфтааст, ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ислоҳоти замин, ки раҳбарии онро бар уҳда дорад, рӯзи 14 май дар шаҳри Остона баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Сагинтаев, ба ҳайати ин комиссия 75 намоянда аз ҳисоби вакилони сенат ва маҷлис, аъзои ҳукумат, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шудаанд. Тибқи иттилои мақомоти ин кишвар, ба кори комиссияи мазкур қарор аст шӯроҳои навтаъсиси ҷамъиятӣ дар назди ҳокимиятҳои маҳаллии шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Остона ва Алмаато ҷалб шаванд.

Боқидҷон Сагинтаев гуфтааст, иттилоъ дар бораи кори комиссия дар сомонаи "Jerturaly.kz" нашр хоҳад шуд.

Аз 24 апрел ба ин сӯ дар сартосари Қазоқистон зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин, ки имкон медиҳад, заминҳои корами ин кишвар ба муҳлати тӯлонӣ ба хориҷиён иҷора дода шавад, гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор гардид. Дар пайи ин тазоҳурот ҳукумати Қазоқистон маҷбур шуд дар ҷаласаи ахири худ масъалаи таъсиси Комиссия оид ба ислоҳоти заминро баррасӣ карда, дар мавриди иҷрои баъзе аз меъёрҳои Кодекси замин моратория эълон кунад.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарор дар бораи эълони мораторияро бо он пайванд дод, ки нахуст бояд суоли сокинон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG