Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи воридоти сабзавоту меваи Туркия ба Русия


Росселхознадзор ё Хадамоти назорати бойторӣ ва санитарии Русия шуруъ аз рӯзи душанбеи 16 май мумкин аст воридоти ҳамаи навъи мева ва сабзавотро аз Туркия манъ кунад. Ин Хадамот мегӯяд, дар таркиби сабзавоту меваҳои Туркия маводи карантинӣ пайдо шудааст.

"Эҳтимоли қабули қарори манъи воридоти мававу сабзавот хеле қавӣ аст", - гуфтааст Юлия Швабаескена, муовини раҳбари Росселхознадзор ба расонаҳо. Ба гуфтаи вай, дар ибтидои ҳафтаи оянда Хадамот масъалаи воридоти сабзавоту меваҳоеро, ки то кунун манъ нашудаанд, баррасӣ мекунад. Ин бор Росселхознадзор каду, лиму ва грейпфрути туркиро ҳадаф дорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия 12 май ба суоли рӯзноманигорон дар бораи ин ки оё дар фаъолияти Росселхознадзор ангезаҳои сиёсӣ мавҷуд аст, гуфт, ин хадамот ба сиёсат машғул нест. "Росселхознадзор фаъолияти касбиашро пеш мебарад... то он ҷое, ки ман медонам, ин ниҳод посухҳои комилан рушан дорад", - гуфтааст Песков.

Дар ҳоли ҳозир Туркия наметавонад ба Русия хеле аз меваҳо ва сабзавоташро ворид кунад. Ҳамаи қарорҳои Русия дар мавриди манъи маҳсулот аз Туркия баъди он ки дар моҳи ноябри соли 2015 ҳавопаймои низомии Туркия дар марзи миёни ин кишвар бо Сурия ҳавопаймои бомбаандози Су-24-и Русияро сарнагун кард, қабул шуданд.

XS
SM
MD
LG