Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Порламони мардумӣ"-ро дар ғасби ҳукумат айбдор мекунанд


Дар шаҳри Бишкек се узви иттиҳоди ҷамъиятии "Порламони мардумӣ" боздошт шудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, зидди раис ва ду узви дигари ин созмон бар асоси моддаҳои "Омодагӣ барои ғасби ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ" ва "Омодагӣ барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат"-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз гардидааст.

Тавре натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ нишон додааст, аъзои боздоштшудаи созмони мазкур гӯиё тасмим гирифтаанд бо баргузории тазоҳуроти оммавӣ ва барҳам задани суботи сиёсию иҷтимоӣ дар Қирғизистон аз роҳи зӯроварӣ ҳукуматро ғасб кунанд.

Инчунин маълум шуда, ки онҳо ният доштаанд, барои расидан ба ҳадафҳояшон дар баробари кормандони давлатӣ аз хушунат ва силоҳ истифода кунанд.

Қаблан муассисони "Порлумони мардумӣ" аз тасмимашон барои баргузории тазоҳурот бо иштироки 20 ҳазор одам дар майдони марказии "Ала-Ото"-и Бишкек хабар дода буданд. Қарор буд, ин гирдиҳамоӣ рӯзи 26 апрел баргузор шавад, вале он нахуст ба 12 ва сипас ба 17 май ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG