Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинонро аз минтақаҳои офатзада мекӯчонанд


Садҳо сокини Тоҷикистон аз минтақаҳои офатзада кӯчонида шуда, садҳо манзили зист дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва омадани сел зери обу лой мондаанд.

Шаби панҷшанбе наздики 1000 манзили истиқоматӣ дар наздикии Душанбе зери об монд, хабар медиҳад сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ориф Нозимов.

Обхезӣ ва фаромадани сел дар чанд ноҳияи дигари кишвар рух дод. Дар ибтидои ҳафта мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 3 нафар дар натиҷаи фаромадани сел дар шимоли кишвар кушта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба ноҳияҳои офатзада муваққатан сафар накунанд.

XS
SM
MD
LG