Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 13 май қарори ҳукумати кишвар дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел "Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо"-ро тасдиқ кард.

Ин санади байналмилалӣ рӯзи 22 марти соли 1987 дар шаҳри Базели Шведсария қабул шуда ва то ба ҳол аз ҷониби парлумонҳои 158 кишвари ҷаҳон тасвиб шудааст.

Олимҷон Бобоев, раиси Комиссияи экологияи Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии тарҳи қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди пайвасти ин кишвар ба Конвенсияи Базел гуфт, Тоҷикистон ба таври рамзӣ барои узвият дар и н ниҳоди байналмилалӣ ба миқдори 100 доллари амрикоӣ ҳақулузвият пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG