Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар масҷид мурғхонаи 27-ҳазор долларӣ сохтаанд


Муфаттишоне, ки қазияи исрофкории 27 ҳазор доллари сандуқи хайрияи масҷиди "Холид ибни Валид" дар вилояти Андиҷонро таҳқиқ мекарданд, гуфтаанд, ходимони ибодатгоҳ ин пулро барои хариди чӯҷа ва сохтумони мурғхона сарф кардаанд.

Тавре манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Андиҷон хабар додааст, имом, ходим ва муҳосиби масҷиди "Холид ибни Валид" бар ивази як қисмати ин пул чӯҷа харида, боқиро барои бунёди мурғхона сарф кардаанд.

"Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки ин мурғхона дар мақомоти андоз қайд нагардидааст. Яъне, ҳоло ҳеч гуна санаде нест, ки дар ихтиёри масҷид будани онро тасдиқ кунад. Маълум гардид, мурғхона аз ҳисоби пулҳои сандуқи хайриявии масҷид ба хотири манфиатҳои шахсӣ сохта шудааст", - гуфтааст манбаъ.

Яке аз ходимони масҷид ҳам тасдиқ кардааст, ки воқеан аз ҳисоби пулҳои сандуқи хайрияи масҷид мурғхона бунёд карда, чӯҷа харидаанд.

"Мо наметавонистем, ин пулҳоро бо фоиз ба дигарон диҳем. Аз ин рӯ, бо онҳо чӯҷа харидем. Гуфтем, ҳар вақт чӯҷаҳо бузург шуданд, онҳоро фурӯха, пули масҷидро бар мегардонем. Албатта, ин кор ба хотири ҳадафҳои неку дар ҷойи амн будани пулҳои масҷид анҷом дода шуд", гуфтааст ходими масҷид.

Тавре маълум гардид, муҳосиби масҷид аз вазифа барканор шуда, тафтишот зидди имом ва ходими масҷид идома дорад. Қаблан ходимони масҷид гуфта буданд, ки пулҳоро дар таъмири масҷид сарф кардаанд.

XS
SM
MD
LG