Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон бадтарин кишвар барои ҳамҷинсгароҳо


Озарбойҷон дар рӯйхати кишварҳои муносиб барои зиндагии ақалиятҳои ҷинсӣ мақоми охиринро соҳиб шуд. Ин таҳқиқотро бахши аврупоии Эътилофи байналхалқии ҳамҷинсгароҳо баргузор ва дар сомонаи созмон нашр кардааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, Озарбойҷон танҳо ба панҷ дарсади меъёрҳое, ки ақалиятҳои ҷинсӣ бар асоси онҳо баробарии иҷтимоиро мушаххас мекунанд, ҷавобгӯ аст. Дар ҳамин ҳол, мақомҳои 48 ва 47-ро Русияву Арманистон ишғол кардаанд.

Бритониё муносибтарин кишвар барои зиндагии ҳамҷинсгароҳо унвон шудааст. Баъди ин кишвар Белгия ва Малта мақом гирифтаанд, менависад lenta.ru.

Ин созмон мегӯяд, намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ дар Озарбойҷон ҳифз намешаванд, гарчанде қонунгузории ин кишвар ҳамҷинсгароиро манъ накардааст.

Тавре муаллифони гузориш менависанд, "хусуияти умумие, ки Арманистон, Озарбойҷон ва Русияро ба ҳам мепайвандад, ин аст, ки ин кишварҳо мехоҳанд аз Ғарб дурӣ ҷӯянд ва мубориза бо ҳамҷинсароӣ дар маркази ин ҳаракат қарор дорад".

XS
SM
MD
LG