Пайвандҳои дастрасӣ

Дастрасӣ ба торнамои “Krym.Realii”-ро қатъ карданд


Мақомоти ҷонибдори Русия дар Қрим дастрасӣ ба торнамои “ Krym.Realii” -ро қатъ карданд. Корбарони ин торнамо дар Украина ва Қрим 12 май шикоят кардаанд, ки бо ин торнамо дастрасӣ надоранд.

Ҳангоми боз кардан дар пардаи ин торнамо чунин навишта ба чашм мерасад: “Дастрасӣ қатъ шудааст, зеро ин торнамо ба феҳристи торнамоҳои маҳдуд дохил шуд”.

Ненад Пейич-сардабири Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ 12 май дар изҳороте гуфт, “ин амали таҷовузкорона аст ва бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ Радиои Озодиро сонсур мекунанд ва ба корбарони он дар Русия ва Қрим имкон намедиҳанд, ки дар бораи пайвастани Қрим ба Русия аз ҳақиқати ҳол огаҳ шаванд”.

Негнад Пейич мегӯяд: “Мо бастани торнаморо чун ҳамла ба ҳуқуқҳои бунёдии ҷомеа барои дастрасии озод ба иттилоъот маҳкум мекунем”.

Рӯзи панҷшанбе Наталия Поклонская-додситони Қрими ба Русия пайваста изҳор дошт, ки торнамои "Крым.Реалии” баста шудааст.

XS
SM
MD
LG