Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дар қаламрави Руминия нахустин пойгоҳи заминии боздорандаи мушакҳо ё сипари дифои мушакиро ба истифода дод. Ин пойгоҳи мушакии боздоранда бахше аз сипари бузурги мушакии Амрико дар Аврупо ба шумор меравад.

Мақомоти баландпояи Амрико ва паймони НАТО 12 май ин сипари мушакии 800 миллион доллариро дар ҷануби Руминия ифтитоҳ намуданд.

Вашингтон мегӯяд, ки ин система сипари ҳимоятии НАТО дар баробари мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурд аст, ки аз ҷумла аз Ховари Миёена партоб мешаванд.

Русия ҳарос дорад, ки ин сипар метавонад бар зидди Маскав ба кор бурда шавад ва тавозуни стратегиро дар минтақа аз байн бибарад. Дмитрий Песков-сухангӯи Кохи Кремл 12 май ба хабарнигорон гуфт, ки “ин ситемаи дифои мушакӣ воқеан ҳам хатаре барои амнияти Русия мебошад”.

Клаус Лоҳаннис-раиси ҷумҳури Руминия баъд аз мулоқот бо Ҷенс Столтенберг-Дабири Кулли паймони НАТО дар як нишасти хабарии муштарак гуфт, ин низоми дифои мушакӣ ба зидди ҳеҷ кишвар нигаронида нашудааст.

XS
SM
MD
LG