Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 6 сол зиндон барои "парчамовез"-и ДИИШ


Айбдоркунандаи давлатӣ барои Даврон Қурбонов, ки дар овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар як пули пойтахти гумонбар дониста мешавад, 6 сол маҳкумият ба зиндонро талаб кард. Мурофиа додгоҳии Даврон ҳудуди як моҳ қабл дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуда буд. Ин ҷавони 21-сола ба насби парчами "Давлати исломӣ" дар болои пул (кӯпрук)-и маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад.

Мақомот мегӯянд, ки Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар болои пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шудаанд. Аммо пас аз як ҳафтаи тафтишот, Соҳибов озод шуда, алайҳи Даврон Қурбонов парванда боз гардид.

Мувофиқи маълумоти тафтишотӣ, Даврон Қурбонов гӯё ҳамроҳи як ҳамсинфаш 25-уми август аз бозор ранги сафед ва матои сиёҳ харида, парчамро дуруст мекунанд ва 28 август дар соати 12-и шаб дар купруки маҳаллаи 103-юм меовезанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Даврон Қурбонов дар яке аз интернет-кафеҳои пойтахт кор мекард ва наворҳои марбут ба созмони "Давлати исломӣ"-ро тамошо карда, дигаронро низ ба тамошои ин наворҳо даъват менамудааст. Аммо дар мурофиаи нахустин Даврон Қурбонов ва наздиконаш ин иттиҳомро радд карданд.

XS
SM
MD
LG