Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти шаҳрванди Узбакистон дар ИМА барои ҳамкорӣ бо ДИИШ


Аҳрор Сайидаҳмадов ва Абдурасул Ҷӯрабоев дар мурофиаи додгоҳи Бруклини Ню Йокр дар моҳи феврали соли 2015

Аҳрор Сайидаҳмадов ва Абдурасул Ҷӯрабоев дар мурофиаи додгоҳи Бруклини Ню Йокр дар моҳи феврали соли 2015

Дар Амрико шаҳрванди шашуми Узбакистон барои иртиботи эҳтимолиаш бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» боздошт шуд.

Дар Амрико шаҳрванди шашуми Узбакистон барои иртиботи эҳтимолиаш бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» боздошт шуд. Парвандаи алайҳи Азизҷон Раҳматови 28-сола ба додгоҳи федеролии Бруклини аёлати Ню-Йорк фиристода шуд. Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, Азизҷон Раҳматови 28-сола рӯзи 11-уми май дар Амрико бо иттиҳоми «маслиҳати пешакӣ барои кӯмак ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», боздошт шуд.

Ба гуфтаи додситон, Азизҷон Раҳматов дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ ва афродеро ҷонибдорӣ мекард, ки мехостанд ба гурӯҳи «Давлати Исломӣ» шомил шаванд. Кӯмаки ӯ бештар молӣ буд ва барои сафари ин афрод то Сурия ва ҳам ҷамъоварии маблағ барои ҷангиёни оянда иборат будааст.

Додситони амрикоӣ гуфт, ки Раҳматов баъди боздошти ду узбактабор-Абдурасул Ҷӯрабоев, шаҳрванди Узбакистон ва Аҳрор Сайидаҳмадов, зодаи Қазоқистони Ҷанубӣ мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои тафтишотӣ қарор гирифт. Ин ду нафар қасд доштанд барои ширкат дар набардҳо ба Сурия раванд.

Раҳматов, инчунин Аброр Ҳабибов, Дилҳаёт Қосимов ва Акмал Зоиров, ки қаблан аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Амрико боздошт шуда буданд, ба Сайидаҳмадов барои амалӣ шудани нияташ кумак кардаанд. Аммо ҳеч кадоме аз онҳо айбномаи барояшон эълоншударо эътироф накарданд.

Аҳрор Сайидаҳмадови 19-сола дар моҳи феврали соли гузашта дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннедии Ню Йорк, ба ҳангоми талоши парвоз ба Истанбул боздошт шуд. Бино ба иттилои додситонии Ню Йорк, боздошти Аҳрор Сайидаҳмадов далел барои эълони айбнома ҳисоб меёбад. Эҳтимол меравад, Сайидаҳмадов қасд дошт аз Туркия ба Сурия равад.

Абдурасул Ҷӯрабоев, узбактабори боздоштшудаи дигар қасд дошт дар моҳи марти соли 2015 ба Туркия парвоз карда ва аз ин кишвар озими Сурия шавад ва ба гурӯҳҳои тундрав бипайвандад. Дар мурофиаи додгоҳӣ дар моҳи августи соли гузашта Ҷӯрабоев айби нисбаташ эълоншударо эътироф карда буд.

Ба гуфтаи Келлӣ Каррӣ, иҷрокунандаи вазифаи додситони Минтақаи шарқии Ню Йорк, Абдурасул Ҷӯрабоеви 25-сола тасмим дошт ба Сурия рафта ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шавад. Дар сурати амалӣ нашудани ин ҳадаф, ӯ қасд дошт дар Амрико монда ва омода буд дар ҳудуди ин кишвар амалҳои террористиро роҳандозӣ кунад. Тибқи гуфтаҳои додситонӣ, мумкин аст Абдурасул Ҷӯрабоев ба муддати то 15 сол равонаи зиндон шавад.

Қаблан низ дар Амрико чанд тан узбактабор ба иттиҳоми доштани робита бо созмонҳои мамнӯъи тундрав боздошт шуда буданд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ Фазлиддин Қурбонов, паноҳанда аз Узбакистон бо айбномаи қасди ҳамла ба академияи низомии ИМА ба муддати 25 сол зиндонӣ шуд.

13 июли соли 2012 додгоҳи федероли минтақаи Бирминҳем Улуғбек Қодирови 22-солаи узбакистониро бо айномаи тарҳрезии қатли Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба муддати 15 сол равонаи зиндон кард. 12 январи соли 2012 дар шаҳри Чикаго Ҷамшед Мухторови 35-сола, шаҳрванди Узбакистон боздошт шуд. Ҳоло ӯ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ" дар боздошт қарор дорад. Моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Филаделфия бо айбномаи доштани равобит бо гурӯҳҳои террористӣ шаҳрванди Узбакистон Бахтиёр Ҷумъаев боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG