Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Ҷон Керрӣ аз бонкҳои аврупоӣ


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба раҳбарони боломақоми иҷроии бонкҳо гуфт, агар онҳо бихоҳанд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд, Амрико пеши роҳи онҳоро нахоҳад гирифт.

Вай ин нуктаро дар Лондон 12 май дар мулоқоти раҳбарони иҷроии Бонки Аврупо изҳор дошт ва гуфт, қарздиҳандаҳо барои ҳамкориҳои қонунӣ бо Ирон ҷарима нахоҳанд шуд, зеро аксари таҳримҳои зидди Эрон аз миён бардоршта шудаанд.

Дар ин мулоқот бонкҳои муҳими Британия ширкат доштанд, ки Barclays, HSBC ва Standard Chartered ва бонкҳои аврупоӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.

Ҷон Керрӣ изҳор дошт, ки бонкҳо бояд бо ширкатҳову тоҷироне, ки дар феҳристи таҳримҳои Амрико ҳастанд, аз ҳамкорӣ худдорӣ кунанд. Масалан, ширкатҳои марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоб аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG