Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости СММ аз Қазоқистон дар мавриди ҳуқуқи башар


Коршиносони СММ аз мақомоти расмии Қазоқистон хостанд, ки ба боздошти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва шиканҷаи онҳо хотима диҳанд. Ин фаъолон ба таври ошкор бар зидди нақшаҳои ҳукумат дар бораи хусусӣ кардани заминҳои кишоварзӣ эътироз карда буданд.

Дар давоми ду ҳафтаи охир садҳо нафар қазоқҳо ба нишонаи эътироз бар зидди ин нақшаи ҳукумат ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд. Баъзе аз онҳо барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳгор мешаванд.

Коршиносони СММ дар эъломияи рӯзи 12 маи худ аз ҳукмати Қазоқистон хостанд, ки “ба таври фаврӣ ба ҳар гуна шиканҷаву озор хотима диҳанд ва барои ҳимоят аз ҷомеаи маданӣ тадбирҳои муассир андешанд”.

Эътирозгарон бар зидди нақшаи хусусӣ кардани заминҳои кишоварзӣ эътироз карданд, ки он ба хориҷиён иҷоза медиҳад, то онҳо ба муддати 25 сол аз ин заминҳо чун моли худ истифода баранд.

5 май Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон иҷрои ин қонунро то соли 2017 ба таъхир андохт.

XS
SM
MD
LG