Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи зиддимушакии Амрико ба Русия хатар дорад


Москва бар ин назар аст, ки ба кор даровардани нерӯи зиддимушакии ИМА дар Руминия ба амнияти миллии Русия халал эҷод мекунад.

Дар ин бора ба хабаргузории "Интерфакс" Михаил Улянов, як масъули вазорати хориҷии Русия иттилоъ додааст. Аз ҷумла вай гуфтааст, ки аз нуқтаи назари Москва, созишнома дар бораи мушакҳои дурпарвозу кутоҳпарвоз вайрон шудааст.

Имрӯз, 12 май, намояндагони ИМА ва НАТО дар Руминия аз фаъол шудани маҷмааи зиддимушакии заминӣ хабар хоҳанд дод. Вашингтон мегӯяд, ин маҷмаа барои ҳифзи муттаҳидони НАТО аз хатарҳои эҳтимолии Эрон ва мушакҳои дурпарвоз зарурӣ аст, аммо зидди Русия равона нашудааст.

Интизор меравад, 13 май ИМА дар бораи иншооти дувуми зиддимушакӣ дар ҳудуди Лаҳистон расман хабар хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG