Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқи низомии нирӯҳои Амрикову Гурҷистон


Тонкҳои Амрико дар Гурҷистон
Тонкҳои Амрико дар Гурҷистон

Рӯзи 11 май дар Гурҷистон машқҳои муштараки низомии нирӯҳои Амрикову Гурҷистон оғоз ёфт. Ин тамринҳо бо номи “Шарики содиқ 2016” (“Noble Partner 2016”) то 26 май давом мекунад. Русия баргузории машқҳои муштараки Амрикову Гурҷистонро як иқдоми иғвоангезе номидааст, ки ба ақидаи Маскав, суботро дар Қафқоз метавонад ба ҳам бизанад. Русия бо Гурҷистон дар соли 2008 ҷанги кӯтоҳе доштанд, ки дар он Русия аз вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон пуштибонӣ кард. Тифлис мегӯяд, дар машқҳои кунунӣ 1300 афсару аскар, бо шумули 650 тан аз нирӯҳои Амрико дар қораи Аврупо ва 150 сарбози Бритониё ширкат мекунанд. Вазорати дифои Гурҷистон тақвияти тавонмандии нирӯҳои гурҷӣ дар амри ҳамкорӣ бо нирӯҳои НАТО-ро ҳадафи асосии ин машқҳо номид. Тонкҳову зиреҳпӯшҳои Амрико рӯзи 5 май аз тариқи бандари Поти дар соҳили баҳри Сиёҳ барои ширкат дар машқҳои муштарак ба Гурҷистон расиданд. Ин барои нахустин бор аст, ки нирӯҳои Амрико дар чунин ҳаҷм дар ин кишвари пасошӯравӣ мустақар мешаванд.

XS
SM
MD
LG