Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба манзили Малик Деҳқон дар Нозиён


Таслими силоҳи ҷангҷӯёни Толибон дар Нозиён. Акс аз бойгонӣ
Таслими силоҳи ҷангҷӯёни Толибон дар Нозиён. Акс аз бойгонӣ

Дар таркиши як мошини бомбгузоришуда дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон 11 нафар кушта ва 23 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳукумати вилоят шоми 10 май дар як баёния гуфт, як ҷангҷӯ мошини бомбгузоришударо дар вулусволии Нозиён дар назди манзили Малик Деҳқон, раҳбари як қабилаи тарафдори давлат таркондааст. Худи Малик Деҳқон, ки як гурӯҳи шибҳанизомиҳои зидди Толибонро раҳбарӣ мекард, дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштааст. Атовуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯии волии Нангарҳор Малик Деҳқонро нафаре ном бурд, ки “мардумро ба пайвастан ба нирӯҳои бархоста алаййҳи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ва Толибон дар минтақа даъват мекард.” Ҳукумат ба хотири муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ садҳо сокини вилояти Нангарҳорро таъмини силоҳ карда ва тамрин медиҳад.Масъулияти ҳамла дар Нозиёнро то ҳол ягон гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG