Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Бағдод аз 70 гузашт


Акс аз маҳалли ҳамлаи рӯзи 11 май дар Садр
Акс аз маҳалли ҳамлаи рӯзи 11 май дар Садр

Дар ду бомбгузории дигар дар пойтахти Ироқ дастикам 10 тан кушта шуданд. Ин ҳамлаҳо ҳамагӣ чанд соат баъд аз таркиши шадиди мошини бомбгузоришуда дар як минтақаи шиъанишин дар канори Бағдод буд, ки дастикам 63 кушта ва беш аз 80 захмӣ ба ҷо гузошт. Таркиш дар як бозори пуриздиҳом дар минтақаи Садр дар шарқи пойтахти Ироқ аз хунинтарин ҳамлаҳои солҳои охир дар Бағдод номбар мешавад. Бар асари таркиш биноҳову мошинҳо дар атроф низ шадидан тахриб шудаанд. Созмони тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳ дар як баёния дар Интернет гуфтааст, ҳадафи ҳамлаи маргталабона маҳалли таҷаммӯи шибҳанизомиҳои шиъа буд. Ифротиҳои суннӣ, ки манотиқи дурдаст дар шимолу ғарби Ироқро таҳти назорат доранд, шиъаҳоро, ки аксари аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG