Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи шоҳҷоизаю нишони хотиравии мусобиқа тасдиқ шуд


Ангораи шоҳҷоизаҳою нишони хотиравӣ дар иртибот ба ҷашни 25-солагии истиқлолият тасдиқ гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи амри президент Эмомалӣ Раҳмон аз 24 феврали соли ҷорӣ дар мавриди қоидаҳои гузарондани мусобиқоти ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар вилоятҳо, шаҳрҳою ноҳияҳо,деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравӣ мавриди таъйид қарор гирифтааст.

Барои мақомоти беҳтарин марказии ҳокимияти давлатӣ "Ҷоми Ҷамшед" ва барои вилояти беҳтарин "Ҷоми Истиқлолият" тақдим хоҳанд шуд.

Ин ҷоизаҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби президент супорида мешаванд.

XS
SM
MD
LG