Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори беҷошудаҳо дар дунё аз 40 миллион гузашт


Бино ба гузориши муштараки Шӯрои паноҳҷӯёни Норвегия ва Маркази пайгирии беҷошудагони дохилӣ, марказаш дар Женева, ки рӯзи 10 май нашр шуд, мегӯяд, шумори онҳое, ки ба далели ҷангу низоъҳо тарки макон кардаанд, дар соли 2015 ба ҳадди рекордии 40,8 миллион нафар расид. Раҳбари Шӯрои паноҳҷӯёни Норвегия Ян Игланд гуфт, “ин баландтарин рақами то имрӯз сабтшуда аст ва шумори паноҳҷӯёнро дар дунё ду маротиба боло бурд.” Танҳо дар соли гузашта ба ҷамъи беҷошудагон ҳудуди 8,6 миллион нафари нав афзудаанд. 4,8 миллиони онҳо аз Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ будаанд. Ошӯбҳои баъд аз инқилобҳои мавус ба “Баҳори Араб” ва пайдо шудани созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар ин гузориш аз сабабҳои умдаи афзоиши шумори беҷошудагон ном бурда мешавад.

Ба ҷуз аз Ховари Миёна, Афғонистон, Африқои Марказӣ, Колумбия, Конго, Нигерия, Судони ҷанубӣ ва Украина аз кишварҳои манбаи умдаи паноҳҷӯён эътироф шудаанд. Дар ин авохир шумори паноҳҷӯён аз Тоҷикистон низ дар Аврупо рӯ ба афзоиш овардааст. Полша мегӯяд, дар соли гузашта танҳо ин кишвари Аврупо ба 537 шаҳрванди тоҷик паноҳ дода, дар се моҳи аввали соли равон 1733 шаҳрванди Тоҷикистонро аз марзҳояш пас гардондааст.

Гузориш мегӯяд, 19,2 миллион нафари дигар дар соли гузашта ба далели офатҳои табиӣ маҷбур ба тарки макон шудаанд.

XS
SM
MD
LG