Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гелонӣ баъди се соли асорат ба Покистон баргашт


Алиҳайдар Гелонӣ баъди раҳоӣ

Алиҳайдар Гелонӣ баъди раҳоӣ

Алиҳайдар Гелонӣ, писари сарвазири собиқи Покистон Юсуфризо Гелонӣ дар Кобул ба мақомоти Покистон супурда шудааст. Алиҳайдар Гелонӣ рӯзи 10 май дар ҷараёни як амалиёти муштараки нирӯҳои вижаи Афғонистону Амрико озод карда шуд.Ӯ қабл аз тарки Кобул ба қасди Покистон дар як баёнияи кӯтоҳ аз талошҳои ҳукумати Афғонистон изҳори сипос кард. Алиҳайдар Гелонӣ ҳамроҳ бо бародараш тавассути як ҳавопаймои чартерӣ ба Покистон парвоз кардааст. Гелонӣ се сол пеш – рӯзи 9 майи соли 2013 дар ҷараёни корзори интихоботӣ дар зодгоҳаш – шаҳри Мултон эҳтимолан аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон рабуда шуд. Падари ӯ Юсуфризо Гелонӣ аз моҳи марти соли 2008 сарвазири Покистон буд, вале моҳи апрели соли 2012 барканор ва аз сӯи Додгоҳи олӣ маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG