Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон - бадтарин макон барои ақалиятҳои ҷинсӣ


Ду ҳомии ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ дар пайи ҳамла алайҳи онҳо дар Маскав

Ду ҳомии ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ дар пайи ҳамла алайҳи онҳо дар Маскав

Озарбойҷон бадтарин макони қораи Аврупо барои зиндагии ҳамҷинсгароён, лесбиянҳо ва дигар намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ номида шудааст. Дар раддабандии ILGA-Europe Rainbow Index, ки вазъи ақалиятҳои ҷинсиро пайгирӣ мекунад, гуфта мешавад, ки Озарбойҷон танҳо ба 5 дарсади меъёрҳои ин созмон ҷавоб медиҳад. Ин раддабандӣ, ки рӯзи 10 май нашр шуд, вазъи ақалиятҳои ҷинсӣ дар 49 кишвари Аврупоро аз нигоҳи қонунгузорӣ, сиёсати давлат ва таҷрубаҳое, ки ба вазъи ин ақалиятҳо таъсир мегузоранд, фаро мегирад. Вазъи аз ҳама бадтарро ақалиятҳои ҷинсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ – Озарбойҷон, Русия ва Арманистон доштаанд. Маконҳои аз ҳама беҳтар барои зиндагии ақалиятҳои ҷинсӣ Малта, Белгия ва Бритониё, ки ҷавобгӯи ҳудуди 80 дарсади меъёрҳои ILGA-Europe Rainbow Index будаанд. Сабаби баҳои паст гириффтани Озарбойҷон мизони баланди бадбинӣ нисбат ба ақалиятҳои ҷинсӣ ва ҳамлаҳо дар замини адоват нисбат ба ин қишр ва ҳам баёнияҳои табъизомези сиёсатмадоронаш будааст. Гузориш мегӯяд, ҳарчанд дар Озарбойҷон ҳамҷинсгароӣ қонунӣ шудааст, вале давлат дар амри ҳимояти ақалиятҳои ҷинсӣ аз ҳамлаҳои адоватомез талош намекунад.

XS
SM
MD
LG