Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 000 рубл ҷарима - барои ба кор гирифтани як тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Екатеринбурги Русия як ширкати муҳофизиро барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани як шаҳрванди Тоҷикистон 400 ҳазор рубл, муодили 5800 доллар ҷарима бастааст. Додситонии ин ноҳия ширкати хусусии “Ориён”-ро айбдор кардааст, ки як шаҳрванди тоҷикро бидуни доштани патент ба ҳайси муҳофиз дар як мағоза дар кӯчаи Бахчивании Екатеринбург ба кор гирифтааст. Алайҳи ин ширкат бар асоси қисми аввали моддари 18.15-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия( ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия ҷалб кардани шаҳрванди хориҷӣ бидуни иҷозатномаи кор ё патент) парвандаи маъмурӣ кушода шуда буд. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва ширкат метавонад аз он ба додгоҳи болотар шикоят барад.

XS
SM
MD
LG