Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвои тоҷикони ҷабрдида алайҳи фурудгоҳи Домодедово


Бахтиёр Ғаффоров, яке аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар таркиши Домодедово маҷрӯҳ шуд. Акс аз бойгонӣ

Бахтиёр Ғаффоров, яке аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар таркиши Домодедово маҷрӯҳ шуд. Акс аз бойгонӣ

Афроди ҷабрдида дар таркиши террористии моҳи январи соли 2011 дар фурудгоҳи Домодедовои канори Маскав аз раҳбарони ин фурудгоҳ ба маблағи аз 50 миллион то 700 миллион рубл талаби ҷуброн кардаанд. Бар асари таркиш дар толори ин фурудгоҳ 37 нафар, бо шумули 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, 172 тани дигар, бо шумули 17 хориҷӣ, ки дар байни онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ин ҳамларо ҷудоиталабони чечен ба дӯш гирифтаанд.

Вакили мудофеи шинохта Игор Трунов, ки ҳоло аз манфиати ҷабрдидаҳо ҳимоят мекунад, гуфт, дар маҷмӯъ 40 нафар тақозои товон кардаанд ва дар байни даъвогарон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Онҳо гуфтаанд, мақомоти фурудгоҳ дар вақташ амнияти мардумро таъмин карда натавонистанд. Алайҳи молики фурудгоҳи Домодедово Дмитрий Каменшик бо иттиҳоми саҳлангорӣ дар таъмини амнияти ин фурудгоҳ, ки боиси марги беш аз ду нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аксари парвозҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба пойтахти Русия ва аз Маскав ба Тоҷикистон тавассути фурудгоҳи Домодедово анҷом мешаванд.

XS
SM
MD
LG