Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Наҷоти кӯдакон" ба осебдидагони Панҷакент кумак кард


Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, созмони байналмилалии "Наҷоти кӯдакон" (Save the Children) нахустин кумаки башардӯстонаро ба осебдидагони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ирсол кардааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ин созмон ба сокинони Панҷакент, ки аз борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел осеб дидаанд, хайма, кӯрпаву болишт, сатил, ашёи рӯзгор ва чароғи дастӣ фиристодааст.

Зимнан, рӯзи душанбеи 9 май бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Панҷакент 1 нафар ба ҳалокат расида, шаш манзили сокинон комилан ва 99 хона қисман хароб гардидаст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел 3 километр роҳ, 3 пули иртиботӣ, 60 ҳектор майдони кишт, 12 трансформатор ва 12 километр хатти интиқоли неруи барқ осеб дидаанд.

Дар ноҳияи Айнӣ низ бар асари ҷорӣ шудани сел ду нафар-модари 41-сола бо писари 17-солааш ҷон бохтаанд.

Бино ба пешгӯии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар назар аст дар рӯзҳои аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ дар бештари манотиқи кишвар борандагии шадид, жола, раъду барқ, дар манотиқи кӯҳистонӣ омадани сел ва фаромадани сангрезаю ярч рух диҳад.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар ин давра аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG