Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Узбакистон ба мактаббачаҳо ба ҳангоми таътили тобистона рафтан ба масҷидро манъ кардаанд. Рӯҳониёни ин кишвар низ аз ин иқдоми давлат пуштибонӣ кардаанд.

Санади вазорати маориф ва акси эълон дар ин замина дар масҷидҳоро бахши узбакии Озодӣ чоп кардааст. Дар номаи расмии вазорати маориф падару модарони мактаббачаҳо муваззаф шудаанд, ки дар таътили тобистона рафтору кирдори фарзандонро назорат карда ва аз рафтани онҳо ба масҷид ва пайвастанашон ба ҷараёнҳои ифротгаро ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамчунин, дар таътили тобистона ба мактаббачаҳо гадоӣ кардан, бензин фурӯхтан, дар бозор кор кардан ва мошин шустан манъ шудааст. Пас аз соати 6-и шом бидуни ҳамроҳии калонсолон ба кӯча баромадани мактаббачаҳо низ манъ аст.

Дар сурати риоят нашудани ин тартибот падару модарон "тибқи қонунҳои мавҷуда" муҷозот хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG