Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз эъдоми 6 толиб дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид аз эъдоми 6 узви гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ибрози "нигаронии ҷиддӣ" кардааст. Намояндаи раҳбари Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар Руперт Колвил рӯзи 10 май зимни як баёния ба риояти адолати додгоҳӣ дар баррасии қазияи шаш толиб шубҳа кардааст. Ҷаноби Колвил дар ин замина ба маълумотҳо дар бораи истифодаи шиканҷа ба манзури "эътирофи гуноҳ" ишора кардааст.

Намояндаи СММ аз мақомоти Афғонистон даъват кардааст, ки "аз эълони ҳукми эъдом худдорӣ карда" ва ба ҳукми қатл моратория эълон кунанд.

Дар пайи ҳамали гурӯҳи Толибон ба шаҳри Кобул дар моҳи гузашта, ки бар асари он 64 нафар кушта ва 340 нафар захмӣ шуда буданд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон мавқеяшро нисбати Толибон сахттар кардааст.

Аз дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтанд, ки эъдоми 6 узви Толибон дар чорчӯби Қонуни асосӣ ва шариати ислом анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG