Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар бозиҳои қаҳрамонии Осиё


Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён дар Душанбе бо пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён, ки дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ,рӯзҳои 3-7 май баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии муштзанҳои тоҷик ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгари донишҷӯ аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд.

Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи ҷумҳурӣ доир карданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шодӣ Сафаров, раиси Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи Тоҷикистон,ки ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад, рӯзи 11 май хабар дод. Ӯ гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён барои аввалин бор баргузор шуд.

Ба иттилои ҷаноби Сафаров дар ин мусобиқа мардон аз рӯи даҳ вазн (то 49, 52, 56, 60, 64, 69, 75, 81, 91 ва +91 кг) ва занон аз рӯи се вазн (то 51, 60 ва 75 кг) рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 22 медал (6 тилло, 10 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқа ғолиб шуд.

Ғолибони мусобиқа
Ғолибони мусобиқа

“Ширкаткунандагони мусобиқа – варзишгарону мураббиён, доварон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бо ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзари Тоҷикистон ошно шуданд. Меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Боғи Ирам, ҚалъаиҲисор ва дараи Варзоб дидан карданд”, - иброз дошт Шодӣ Сафаров.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

46-49 кг

1. Раҳмонқул Аватов (Қирғизистон)

2. Шӯҳрат Сабзалиев (Тоҷикистон)

3. Муродҷон Расулов (Тоҷикистон)

4. Сакен Бобосинов (Қазоқистон)

52 кг

1. Анвар Музаффаров (Қазоқистон)

2.Файзмамад Малахбеков (Тоҷикистон)

3. Субару Мурата (Ҷопон)

4.Бахтовар Сагизов (Тоҷикистон)

56 кг

1. Эртуҳан Зейнулинов (Қазоқистон)

2.Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон)

3. Алманбет Алибеков (Қирғизистон)

4.Мишелт Баттумур (Муғулистон

60 кг

1. Дидор Утелбоев (Қазоқистон)

2.Темирлан Осмонов (Қирғизистон)

3. Вайсиддин Сатторов (Тоҷикистон)

4.Юта Акияма (Ҷопон)

64 кг

1.Никару Окишима (Ҷопон)

2. Шоҳрух Оғоназаров (Тоҷикистон)

3. Назробшоҳ Раҳмонӣ (Афғонистон)

4.Норовбал Оргонтумур (Муғулистон)

69 кг

1. Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Тоҷикистон)

2.Ҷамшед Бурҳонов (Тоҷикистон)

3. Адилет Ботуралиев (Қирғизистон)

4.Бекболат Курамисов (Қазоқистон)

75 кг

1. Шаббос Неъматуллоев (Тоҷикистон)

2. ДориюшАзиззода (Тоҷикистон)

3. Рен Умемура (Ҷопон)

4.Нодир Ризвонӣ (Эрон)

81 кг

1. Алӣ Ахмедов (Қазоқистон)

2. Наврӯз Ҷафоев (Тоҷикистон)

3. Суннатулло Ҷабборов (Ҷопон)

4. Уткирҷон Ахмедов (Туркманистон)

91 кг

1. Шаҳром Афсаҳов (Тоҷикистон)

2. Лоиқҷон Касиров (Тоҷикистон)

+91 кг

1. Диловаршо Абдураҳмонов (Тоҷикистон)

2. Далерҷон Сулаймонов (Тоҷикистон)

Занон

48-51 кг

1. Чутамат Раксат (Тайланд)

2.Светлана Веглина (Тоҷикистон)

3. Ҷаргалан Очирбат (Муғулистон)

4.Дилафрӯз Ҷаъфарова (Тоҷикистон)

57-60 кг

1. Мавзуна Чориева (Тоҷикистон)

2.Ойун-Эрдене Нергул (Муғулистон)

3. Нилуфар Бобоёрова (Тоҷикистон)

69-75 кг

1. Шоира Зулқайнарова (Тоҷикистон)

2.Лайло Сикандарӣ (Афғонистон)

3. Нодира Каримова (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG