Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 кишвари "фасодзада" аз нигоҳи Камерон


Девид Камерон

Девид Камерон

Девид Камерон-нахуствазири Британия Афғонистону Нигерияро 10 май кишварҳои “хеле фасодзада” арзёбӣ кард. Ҳангоми ба забон товардани ин суханон маълум набуд, ки Камерон дар бораи сабти ин суханонаш ва ба навор бардоштани саҳнаи сӯҳбатҳо огаҳӣ дошт ё хайр.

Вай гуфт: “Мо баъзе раҳбарони кишварҳои хеле фасодзадаро дорем, ки ба Британия меоянд, яъне Афғонистону Нигерияро, ки эҳтимолан фасодзадатарин кишварҳо дар ҷаҳон мебошанд”. Камерон дар ин маврид ба ҳамоиши карибулвуқуи зидди ришвахории раҳбарон ишора мекард.

12 май дар Лондон раҳбарони ҷаҳон, соҳибкорон ва ҷомеаи маданӣ гирдиҳам меоянд, то барои мубориза бо ришвахорӣ як силсила тадбирҳоро баррасӣ кунанд.

Камерон гуфт, “ба хотири он ки ин ҳамоиши зиддиришвахорӣ аст, ҳама чиз бояд ошкор бошад ва дар ҳузури рӯзноманигон баргузор шавад. Он набояд паси дарҳои баста баргузор гардад. Ман фикр мекнам, ки он хеле ҷолиб хоҳад буд”.

XS
SM
MD
LG