Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ходимони масҷидеро дар Андиҷон дар исрофкории 27 ҳазор доллари сандуқи хайрия ва обунаи нашрияҳои динӣ айбдор мекунанд. Тафтиши муҳосиботӣ ин исрофкориро ошкор кардааст.

Намозгузорони масҷиди "Холид ибни Валид"-ро дар Андиҷон хоҳиш кардаанд, ки ба нашрияҳои "Ҳидоят" ва "Нури Ислом" обуна шаванд. Ба ҷуз ин намозгузорон маблағи закот ва фитрро ба масҷид медодаанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳосибон, ҳуҷҷатҳо имзо шудаанд, аммо 27 ҳазор доллар на дар дафтари муҳосиботӣ қайд шудааст ва на дар суратҳисоби бонкӣ ворид гардидааст. Вале ходимон мегӯянд, ин маблағ барои таъмири масҷид сарф шудааст.

Тибқи иттилои гуногун, солона ба ин масҷид то 15,5 ҳазор доллар ворид мешавад. Сокинони маҳаллӣ аз имоми масҷид талаб доранд, то собит созад, ки пулҳо воқеан барои таъмир сарф шудааст.

- Ҳатто ба одами беақл ҳам маълум аст, ки пулҳо дар таъмир сарф нашудаанд. Агар чунин мебуд, пас ба намозгузорон хабар медоданд, ки пулҳо сарфи таъмир шудааст. Онҳое, ки ин пулҳоро гирифтаанд, бояд посух диҳанд, - мегӯяд яке аз намозгузорон.

XS
SM
MD
LG