Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар қазияи "Ҳуҷҷатҳои Панама" гардиши наве ба миён омад. Бойгоние, ки шомили иттилоъ дар бораи беш аз 200 ҳазор ширкатҳои офшорӣ аст, дар формати пойгоҳи ҷустуҷӯӣ онлайн нашр шуд: offshoreleaks.icij.org.

Ин парванда иқтибоси миллион санади ҳуқуқии ширкати "Mossack Fonseca"-и Панамаро дар бар мегирад.

Анҷумани байналмилалии хабарнигорони таҳқиқотгар, ки ба узвияти он даҳҳо хабарнигору муҳаррир аз саросари олам шомиланд, аллакай силсилаи матолиберо дар бораи парвандаи "Ҳуҷҷатҳои Панама" чоп кардааст.

Анҷумани мазкур мегӯяд, бо ин кор мехоҳад, огоҳии ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи механизми системаи офшории бонкӣ бештар кунад, ки ба сарватмандон имкони фирор аз андоз ва барои ришвахорон қонунӣ кардани пулҳои номашруъро медиҳад.

XS
SM
MD
LG