Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димишқ оташбаси Ҳалабро ду рӯзи дигар тамдид кард


Фармондеҳии низомии Сурия эълон кард, ки низоми оташбас дар шаҳри Ҳалаб ва ноҳияҳои наздики он аз 10 май 48 соати дигар тамдид мешавад.

Созиши қаблӣ бояд 9 май ба поён мерасид. Ҳафтаҳои охир дар ин минтақа байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришгарон низоъ авҷ гирифтааст. Ин низоъ оташбаси умумимиллиро вайрон карда, гуфтугӯи сулҳи ҳукумат ва мухолифони Сурияро дар Женева ба бунбаст расонида аст.

Бо ҳадафи расидан ба оташбас аз 29 апрел ба ин сӯ ҷонибҳо чанд созишномаи алоҳида бастанд, аммо дар шаҳри Ҳалаб сарфи назар аз ин созишномаҳо ҷанг идома дорад.

XS
SM
MD
LG