Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ифротгароии ҷавонон дар Ваҳдат


Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабабҳои гироиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро ба баҳс кашидааст. Ин мизи гирд рӯзи 10 май дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд ва дар кори он аз ҷумла Сулаймон Давлатзода - раиси Кумитаи дин, Искандар Солеҳзода – муовини вазири умури дохилӣ ва Саидмукаррам Абдулқодирзода - раиси Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, гуфт, дар ин мизи гирд Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Шинохти хатари воқеии гурӯҳҳои ифротии динӣ ва тарзи фаҳмондани он ба мардум” суханронӣ кардааст. Чунин мизи гирд дар гузашта дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода низ баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG