Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари нахуствазири Покистонро пайдо карданд


Алӣ Ҳайдар Гелонӣ
Алӣ Ҳайдар Гелонӣ

Нируҳои Амрико ва Афғонистон писари рабудашудаи нахуствазири пешини Покистонро дар ҷараёни амалиёте дар Афғонистон пайдо кардаанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Покистон дар эъломияи 10 маи худ хабар додааст.

Дар ин эъломия гуфта мешавад, Алӣ Ҳайдар Гелонии 30 сола -писари Юсуф Ризо Гелониро “дар ҷараёни амалиёти имрӯз нируҳои амниятии Афғонистон ва Амрико дар вулусволии Гаёни вилояти Пактико пайдо кардаанд”.

Дар эъломия ҳамчунин гуфта мешавад, ки вайро барои интиқол ба Покистон ва барои гузарондан аз муоинаи тиббӣ омода мекунанд. Абдулқодир Гелонӣ бародари вай ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки падарашон дар Афғонистон аст.

Алӣ Ҳайдар Гелониро 9 маи соли 2013 дар Покистон Толибон ду рӯз пеш аз интихоботи сартосарӣ дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ рабуда буданд.

Падари вай аз моҳи марти соли 2008 то моҳи апрели соли 2012 нахуствазир буд ва вайро Додгоҳи Олии Покистон аз мақом барканор кард.

XS
SM
MD
LG