Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба сари нимпайкараи Сталин ранги сурх рехтанд


Ба сари нимпайкараи Иосиф Сталин-диктатори давраи Шӯравӣ дар Гурҷистон ранги сурх рехтанд. Ин нимпайкараро ҷонибдорони Сталин 9 май дар ноҳияи Горӣ дар рӯзи Ғалаба бар Олмони нозӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ гузоштанд.

Фаъолони маҳаллӣ Лола Ломидзе ва Бесо Лориа 10 май гуфтанд, ки онҳо шабона ба сари ин нимпайкара ранги сурх рехтаанд. Ҷонибдорони Сталин нимпайкараашро дар рустои Атанӣ бидуни иҷозаи расмии мақомоти маҳаллӣ гузоштаанд.

Ин бори аввал нест, ки ҷонибдорони Сталин дар минтақа талоши гузоштани нимпайкараи вайро мекунанд. Горӣ ҷои таваллуди Сталин аст. Дар солҳои 1950 пайкараи бузурги Сталин дар Горӣ гузошта шуда буд, вале онро мақомоти Гурҷистон дар соли 2010 бардоштанд.

XS
SM
MD
LG