Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Дариға Назарбоева дар асноди “Панамагейт”


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Дар асноде, ки 9 май ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca дар интернет гузоштааст ва дар онҳо маълумот дар бораи ҳисобҳои оффшорӣ тасдиқ мешавад, дар гурӯҳи ҳисобҳои сиёсатмадорону тоҷирон ва корхонадорон номи «Dariga N. Nazarbayeva» низ омадааст.

Ба эҳтимоли зиёд дар ин маврид сухан дар бораи Дариға Назарбоева-духтари Нурсултон Назарбоев меравад, ки ҳоло муовини нахуствазири Қазоқистон аст.

Бино ба маълумоти Анҷумани байналмиллалии рӯзноманигорони муҳаққиқ, Дариға Назарбоева дар солҳои 2007 - 2012 соҳиби ширкати оффшории Asterry Holdings LTD будааст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабти ном шудааст.

Аввалин аснод дар бораи ҳисобҳои афроди машҳур дар чаҳорчӯбаи “Панамагейт” дар аввали моҳи иапрел ба нашр расид. Дар ин ҳуҷҷатҳо номи Нуралӣ Алиев-писари Дариға Назарбоева низ ҳаст.

Дар баъзе кишварҳо нашри ин аснод сабаби истеъфои баъзе сиёсатмадорон шуд. Дар Қазоқистон нашри соҳибони ҳисобҳои оффшорӣ ҳеҷ вокуниш ба бор наовард.

XS
SM
MD
LG