Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти нав бар зидди варзишгарони Русия


Ожонси ҷаҳонии зидди маводи мухаддир ба чаҳор шикояти нав расидагӣ мекунад, ки чаҳор барандаи медали тилло дар олимпиадаи Сочӣ доруи стероид истеъмол кардаанд.

Ин иддаоро дар бораи ин чаҳор варзишгари Русия Виталий Степанов-корманди расмии зидди маводи мухаддири Русия дар мусоҳиба бо шабакаи CBS “60 дақиқа” 8 май ифшо кардааст.

Бен Николз-сухангӯи Ожонси ҷаҳонии зидди маводи мухаддир 9 май ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки шабакаи CBS “дар робита бо истеъмоли дору дар варзиши Русия иддаои хеле нигаронкунандаро ифшо кард. Мо бидуни таъхир ба он расидагӣ мекунем”.

Дар бозиҳои олимпии соли 2014 дар Сочӣ Русия барандаи 13 медали тилло шуда буд. CBS номи ин чаҳор варзишгарро ифшо накардааст.

Мақомоти расмии варзиши Русия ин иддаоро рад ва аз он интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG