Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти панҷ тоҷир дар робита ба қазияи корманди Дастгоҳ


Акси Қадамҷон Сафизода

Акси Қадамҷон Сафизода

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти панҷ нафар дар робита ба қазияи мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президент хабар доданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамроҳ бо Қадамҷон Сафизода - мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон - панҷ нафари дигар боздошт шудаанд. Ба қавли манобеи Озодӣ, ин афрод дар гузашта ба ворид кардани компютер аз Чин машғул буда, ҳоло барои "тиҷорати ғайриқонунӣ" муттаҳам мешаванд.

Як манбаъ рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, "ин панҷ нафар дар гузашта ба тиҷорати компютер аз Чин машғул буда ва баъди он ки дар компютерҳои воридкардаашон камбуд пайдо шудааст, изҳор доштаанд, ки ин молҳо аз Қадамҷон Сафизода ҳастанд." Аммо манобеъ мегӯянд, Сафизода дар тафтишҳои аввалия ҳама гуна иртиботаш бо ин панҷ тоҷирро рад кардааст.

Дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Қадамҷон Сафизода бар асоси моддаи 259 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон кард. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ “соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил”-ро дар назар дорад ва дар сурати исботаш ҷарима то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз се то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Боздошти Қадамҷон Сафизодаи 34-сола рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, аммо танҳо 18 апрел ин хабар тасдиқи худро пайдо кард. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Баъди ҳамагӣ як рӯзи боздошти Қадамҷон Сафизода амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, ки дар он омадааст: "Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад." Дар ин амр сабабҳои барканории ин мансабдор гуфта нашудааст.

Наздикони Қадамҷон Сафизода боздошти ӯро “ҳайратовар” донистанд. Онҳо мегӯянд, ки Қадамҷон Сафизода эҳтимол дар пайи кадом нофаҳмие боздошт шудааст ва умед доранд, ки озод хоҳад шуд.

Қадамҷон Сафизода дар 23-солагӣ ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба кор рафта, алакай дар 26-солагиаш вазифаи муовини раиси ин ниҳодро бар ӯҳда дошт. Замони муовинӣ ӯ бо матбуот сӯҳбат карда, дар чорабиниҳои созмонҳои ҷамъиятӣ низ аз номи ин ниҳод иштирок ва суханронӣ мекард.

14 январи соли 2012 Қадамҷон Сафизода дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад.

Қадамҷон Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG