Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши мушаки тӯли парвозаш 2000 км


Озмоиши мушаки Эрон
Озмоиши мушаки Эрон

Эрон гуфт, боз як мушаки раҳбурдиашро бомуваффақият озмоиш кардааст. Ин боз як озмоиши мушакии Эрон аз силсилаи озмоишҳоест, ки Ҷумҳурии исломӣ баъди ахзи муомила бо қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои ҳастаияш анҷом додааст. Хабаргузории нимарасмии Тасним рӯзи 9 май аз қавли генерал Алӣ Абдуллоҳӣ, муовини фармондеҳи ситоди артиши Эрон хабар дод, ки озмоиши мушаки тӯли парвозаш 2 000 километр ду ҳафта пеш анҷом шудааст. Озмоишҳои мушакии Эрон дар гузашта мавриди интиқодҳои Амрико ва кишварҳои Аврупо қарор мегирифтанд. Эрон мегӯяд, озмоишҳояш мухолифи қатъномаи баъди муомилаи Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ қабулкардаи Шӯрои Амнияти СММ нест. Вале қудратҳо аз Эрон даъват мекунанд, ки ягон навъ мушакеро, ки тавони интиқоли силоҳҳои ҳастаиро дорад, наозмояд.

XS
SM
MD
LG